Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷумҳурии Чех ва Полша Украинаро баррасӣ карданд


Любомир Зоаралек

Любомир Зоаралек

Вазирони корҳои хориҷаи ҷумҳурии Чех ва Полша изҳори умед карданд, ки интихоботи қарибулвуқуи порламонии Украина ҳамаи муноқишаҳои Украинаро аз роҳҳои дипломатӣ ҳал хоҳад кард.

Любомир Зоаралек-вазири Чех ва Гжергорс Шетуна-вазири нави Полша 10 октябр ин масъаларо дар ҷараёни мулоқоти худ дар Прага баррасӣ карданд.

Полша аз таҳримҳои иқтисодӣ бар зидди Русия ҷонибдорӣ мекунад, вале ҷумҳурии Чех, бо вуҷуди он ки ҷонибдор аст, нигарон аст, ки ин таҳримҳо ба тиҷорати кишвараш халал мерасонад.

Зоаралек изҳори умедворӣ кард, ки интихоботи 26 октябри Украина имкон хоҳад дод, то муноқаша роҳи дипломтаии ҳали худро биёбад.

Шетуна гуфт, ин интихобот ба Украина кӯмак хоҳад кард, то дар бораи ояндаи худ тасмим бигирад. Шетуна қавл дод, ки Полша ҳамчунон ба Украина ёрӣ хоҳад дод, то ба Иттиҳодияи Аврупо наздиктар шавад.

XS
SM
MD
LG