Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешмаргаҳо пешравии тундравҳоро дар Кубонӣ боздоштанд


Фаъолон мегӯянд, тундравҳои Давлати исломӣ пешмаргаҳои курдро аз пешравӣ ба дохили шаҳраки Кубонӣ дар шимоли Сурия боздоштаанд.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Лондон мегӯяд, ҳамлаи пешмаргаҳо ба тундравҳои исломӣ дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки як рӯз пеш тундравҳо контроли бахше аз Кубониро дар ихтиёри худ гирифтанд.

Гурӯҳи нозирон гуфтаанд, задухӯрди тундравҳо бо пешмаргаҳои курд 90 дақиқа давом кардааст ва тундравҳо ақибнишинӣ кардаанд. Эътилофи ҳавоии зери фармондеҳии Амрико низ субҳи 11 октябр ба ҳадафҳои тундравҳо дар Кубонӣ аз ҳаво ду зарба задааст.

Ба гуфтаи гурӯҳи нозирон, 10 октябр тундравҳои исломӣ тақрибан 40 дарсади контроли Кубониро ба даст даровардаанд.

Стаффан де Мистура-намояндлаи СММ дар Женева ҳушдор додааст, ки агар Кубонӣ ба дасти тундравҳои исломӣ дарояд, ба эҳтимоли зиёд дар он ҷо“қатли оми мардуми боқимонда сурат мегирад”.

XS
SM
MD
LG