Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон созишномаи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро имзо кард.


Раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиян дар нишасти сарони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар Минск, пойтахти Беларус, созишномаи узвияти кишвараш дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро имзо кард. Арманистон дар ин иттиҳод бо Русия, Беларус ва Қазоқистон ҳамроҳ мешавад, аммо асноди ин эътилоф аз якуми январи соли 2015 бақо пайдо хоҳад кард. Тарҳи мазкур бар пояи Иттиҳоди Гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистон, аммо бо назардошти узвияти эҳтимолии кишварҳои дигари пасошӯравӣ ба миён омадааст. Даъват аз Арманистон дар ҳоле сурат гирифт, ки он дар соли гузашта хостори пайвандҳои зичтари тиҷоратӣ ва дипломатӣ бо Иттиҳоди Аврупо шуда буд.

XS
SM
MD
LG