Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Молдоваро барои талоши наздикӣ бо ИА танқид кард


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин Молдоваро танқид кард, ки тарҳи тақвияти равобиташ бо Иттиҳоди Аврупоро бо Маскав ҳамоҳанг намекунад. Дар нишасти сарони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар Минск, пойтахти Беларус, Путин бо истифода аз ширкати президенти Молдова Николае Тимофтӣ дар ин ҳамоиш гуфт, талошҳои Кишинёв ба наздикӣ бо Итттиҳоди Аврупо ба равобити байни Русия ва Молдова таъсир хоҳанд дошт. Молдова дар моҳи июн бо Итттиҳоди Аврупо созишномаи ҳамгироиро ба имзо расонд. Чунин қарордод сабаби сардиҳо байни Русия ва Украина шуда буд.

XS
SM
MD
LG