Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе гирдиҳамоии эълонкардаи "Гурӯҳи 24" баргузор нашуд


Даҳуми октябр, ки бино бар эълон ва даъватҳои Эътилофи мухолифони “Тоҷикистони нав” ва ниҳоди асосии он “Гурӯҳи 24” дар бораи гирдиҳамоии эътирозӣ дар Душанбе сабаби чораҳои сахти амниятӣ шуд, ором, аммо бо ҳузури чашмгири нерӯҳои амниятии Тоҷикистон гузашт. Ба гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ин рӯз ҳаракати нақлиёт ва раҳгузарон дар кӯчаҳои шаҳр аз ҳарвақта дида камтар ба мушоҳида расид, аммо савдо дар бозору фурӯшгоҳҳо дар авҷ буд ва одамон орду дигар маводи ғизоро ба миқдори зиёд мехариданд. Бархе аз онҳо мегуфтанд, шиддат гирифтани чораҳои амниятӣ дар Душанбе онҳоро ба натиҷае овардааст, ки эҳтимоли нооромӣ дар миён аст ва бояд ғизои худро захира кард. Як рӯз пеш Додгоҳи Олии Тоҷикистон “Гурӯҳи 24”-ро ҳамчун як созмони тундрав ғайриқонунӣ хонд ва Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, касоне, ки аз узвият дар ин гурӯҳ даст мекашанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG