Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 3 нафар дар як садама дар наздикии Кӯлоб


Мошини боркаши “Дулан”, ки аз Чин бору коло меовард, дар роҳи Дарвоз - Кӯлоб дар назди гардишгоҳи Шӯрообод ба садама дучор шудааст, ки дар натиҷа се нафар кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

Капитан Зарифов, корманди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи 10 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тақрибан соатҳои 1200 мошини борбари “Дулан”, ки аз Чин ба Тоҷикистон бору коло меовард, дар нишебии роҳи минтақаи Кӯлоб дучори садама шудааст,ки дар натиҷа се нафар кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

Сабаби ин садамаро шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб дар сурох шудани шланги тормози “Дулан” шарҳ додаанд. Капитан Зарифов гуфт, вақте “Дулан” ҳомили бори зиёд аз баландӣ ба нишебӣ ҳаракат мекард, бинобар кафидани шлянги тормозаш аз мувозинат берун шуда, дучори садама мешгавад.

Вай гуфт, маҷруҳонро ба беморхонаи шаҳри Кӯлоб ингтиқол додаанд ва сабабҳои аслии рух додани ин ҳодисаи марговар мавриди санҷиш қарор дорад.

XS
SM
MD
LG