Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи “Давлати Исломӣ” сеяки Кӯбониро ишғол кардааст


Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида нӯҳ бор ба мавзеъҳои гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар наздикии шаҳри муҳосирашудаи Кӯбонӣ дар Сурия аз ҳаво зарба заданд. Дар изҳороти Ситоди марказии артиши Амрико гуфта мешавад, шаш зарбаи ҳавоӣ як воҳиди калони “Давлати Исломӣ”-ро дар ҷануби Кӯбонӣ ва ду зарбаи хурдтар ду бинои марбут ба пайкорҷӯёни ин созмонро нобуд карданд. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Дидбони ҳуқуқи башари Сурия ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” дар ҳамла ба Кӯбонӣ пешрафт карда ва аз се як ҳиссаи шаҳрро ишғол кардаанд. Фармондеҳи муҳофизони курди Кӯбонӣ аз ҷангҳои сахт дар ин ҷо ва ҳам пешрафтҳои бузурги ситезаҷӯён хабар дод.

XS
SM
MD
LG