Пайвандҳои дастрасӣ

Кайлаш ва Малола барандаи Ҷоизaи сулҳи Нобел шуданд


Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай

Кумитаи ҷоизаи Нобел дар Норвегия Ҷоизaи сулҳи соли 2014-ро ба Кайлаш Сатяартҳӣ ва Малола Юсуфзай тақдим намуд, ки зидди фишор ба наврасон ва барои ҳаққии онҳо ба таҳсил мубориза мекунанд. Кайлаш Сатяартҳӣ аз Ҳиндустон ва алола Юсуфзай аз Покистон дар солҳои охир барои талошҳояшон дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон машҳур шудаанд. Ҷоизaи сулҳи Нобел ба фарқ аз ҷоизаҳои дигари ҳамном на дар Шведсия, балки дар Норвегия аз ҷониби кумитаи махсус тақдим мешавад. Раиси Кумитаи ҷоизаи Нобел дар Норвегия гуфт, Сатяартҳӣ дар Ҳиндустон бо таҳкими суннатҳои Маҳтама Гондӣ ба даҳҳо намуди гуногуни эътироз ва раҳпаймоиҳо, ҳамагӣ осоишта, раҳбарӣ кард, ки дар онҳо зидди истимори кӯдакону наврасон ба хотири пул садои ом баланд шуд. Малола Юсуфзай солҳост, барои ҳаққи духтарон ба таҳсил дар Покистон мубориза мебарад. Дар изҳороти кумита омадааст, ки ҳиндуҳо ва мусулмонон, ҳиндустониён ва покистониҳо дар як муборизаи муштарак барои ҳаққи таҳсил ва зидди тундгароӣ муттаҳид шудаанд.

XS
SM
MD
LG