Пайвандҳои дастрасӣ

Гумон намеравад марди бритониёӣ дар Македония аз эбола фавтида бошад


Мақомоти Македония мегӯянд, гумон намеравад марги як марди бритониёӣ дар Скопйе пойтахти Македония ба бемории эбола пайванд дошта бошад. Пизишкон мегӯянд, ин мард рӯзи 9-уми октябр баробари интиқол ёфтанаш ба бемористон даргузашт. Доктор Йованко Костовска, раиси бахши бемориҳои сирояткунанда дар Вазорати тандурустии Македония мегӯяд, ин мард таби баланд дошт, хӯрокашро мегардонд ва аз дарунаш хун рафта, ҳолат босуръат бад мешуд. Вай афзуд, нусхаи хуни ӯ барои таҳлил ба Олмон фиристода шуд ва бояд интизор шуд, ки иллати марг чӣ гуна ташхис мешавад. Қаблан гуфта мешуд, мард аз эбола фавтидааст. Бемории марговари эбола аз зуҳураш дар моҳи март то ҳоло наздик ба 4000 нафарро дар Африқои Ғарбӣ куштааст. Вазъи як ҳамшираи шафқат дар Испания, аввалин касе ки берун аз Африқо ба эбола гирифтор шудааст, дар бемористони Мадрид дар ҳоли бад шудан аст.

XS
SM
MD
LG