Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар хабари расонаҳои русӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди Шӯравии собиқ Михаил Горбачёв пас аз як муоинаи кӯтоҳ аз бемористон рухсат шудааст. Хабаргузории РИА Новости бидуни ифшои навъи беморӣ хабар дода буд, ки ба иллати бад шудани вазъи саломатияш Горбачёви 83-сола рӯзи 10-уми октябр ба бемористон интиқол ёфта буд. Худи ӯ ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, барои ҳаёт мубориза хоҳад кард. Горбачёв дар соли 1985 раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ шуд ва бо шиорҳои “бозсозӣ” ва “ошкорбаёнӣ” ислоҳоти васеи сиёсиро оғоз намуд, ки ба фурӯпошии Шӯравӣ роҳ кушод.

XS
SM
MD
LG