Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот ба дружиначиён: Ҳушёр бошед! (ВИДЕО)


Дар ин шабу рӯз, ки ҳарф аз баргузории кадом “митинг” дар маркази Душанбе меравад, мақомоти умури дохилӣ аз ихтиёриёни ҷавон ё дружиначиён қадрдонӣ карда, онҳоро ба ҳушёрӣ хондаанд.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе субҳи 10 октябри соли ҷорӣ даҳҳо ихтиёриёни ҷавонро дар “Кохи Ваҳдат”-и пойтахт ҷамъ оварда, аз онҳо қадрдонӣ кардааст ва ҳамзамон хостааст, ҳушёру фаъол бошанд. Дружиначиён ба таври ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нигаҳдории амнияти шаҳрвандон саҳм мегузоранд.

Аммо ин қадрдонӣ аз дружиначиён дар ҳоле сурат мегирад, ки ин шабу рӯз овозаҳо дар бораи баргузории “митинг” ба раҳбарии гурӯҳи фаъолияташ мамнӯи 24 дар Душанбе зиёд шунида мешавад. Аз ҳоло сокинон дар таҳлука афтодаву мақомот ҳам дар баробари дигар тадобири амниятӣ таваҷҷуҳро ба ҷавонон равона кардаанд ва миёни онҳо чорабиниҳои мухталифро баргузор мекунанд.

Масъулон ба ихтиёриён: Ҳушёр бошед!
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Аз ҷумла, "Созандагони Ватан" - қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аз ҷавонон даъват кардааст, ба ҳаргуна овоза ва, ба гуфтаи онҳо, иғвои гурӯҳҳои алоҳида дода нашаванд. Рӯзи 9 октябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ вохӯрии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо донишҷӯён баргузор гардид. Аз донишҷуёни донишгоҳҳо ҷиддӣ талаб шудааст, ки дар рӯзи 10 октябр то соати 16-и баъд аз зуҳр бидуни огоҳӣ аз донишгоҳ берун нараванд.

Ҳоло бештар аз 22 ҳазор дружиначӣ, ки аксарияти онро донишҷӯён ташкил медиҳанд, ҳамарӯза ба кормандони пулис дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ кумак мерасонанд. Солҳои ахир таваҷҷуҳи мақомоти интизомӣ барои ҷалби ҷавонон ба ин самт бештар шудаву ҳамасола бо ташкилу ҷамъоварии дружиначиёни ҷавон дар Душанбе, мақомот ин навъи фаъолияти ройгони ихтиёриро тарғиб мекунанд ва ба гуфтаи коршиносон ҳам мушоҳида мешавад, ки бо афзоиши ҷинояткорӣ ниёзи мақомот ба ихтиёрон бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG