Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашк боиси куштори зани 23-сола дар бозори "Фаровон"


Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон як сокини 27-солаи шаҳраки Ғафурови вилояти Суғдро ба иттиҳоми куштори ҳамсараш боздошт кардаанд. Ба қавли мақомот, Сироҷиддин Баҳромов рӯзи 9 октябри соли ҷорӣ дар назди бозори “Фаровон”-и ноҳияашон аз сабаби рашк бо ҳамсараш -- Холида Остоноваи 23-сола ҷангҷол карда, бо корд чор бор ба бадани задааст. “Дар натиҷа Холида Остонова ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”,-мегӯяд дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ. Ба қавли манбаъ, Сироҷиддин Баҳромов, ки пештар бо моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноӣ маҳкум гардида буд, ҳоло дар боздошт ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG