Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кулли Тоҷикистон: Дасткашӣ аз узвият дар "Гурӯҳи 24" сабаби афв мешавад


Додситонии кулли Тоҷикистон дар як паёмаш баъд аз манъ шудани фаъолияти "Гурӯҳи 24" аз тарафи Додгоҳи Олии Тоҷикистон эълом дошт, онҳое, ки аз узвият дар ин созмони акнун мамнӯъ даст мекашанд, аз ҳама гуна ҷавобгарӣ озод мешаванд. Рӯзи 9-уми октябр Додгоҳи Олии Тоҷикистон баъд аз баррасии Додситонии кул ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24»-ро дар қаламрави Тоҷикистон созмони тундрав ё экстремистӣ ва ғайриқонунӣ эълон кард. Бо ҳамин ҳалнома сомонаҳои интернетии «Гурӯҳи 24» баста шуда, ба кишвар ворид ва паҳн кардани адабиёт ё сабтҳои видеоӣ ва садоии он манъ гашт. Додситонии кулли Тоҷикистон дар як огаҳии худ, ки шоми 9-уми октябр нашр шуд, гуфт, "дар эзоҳи моддаи 307-3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарор дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад."

XS
SM
MD
LG