Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи 201 Русия забони тоҷикӣ меомӯзад


Низомиёни Русия дар Тоҷикистон
Низомиёни Русия дар Тоҷикистон

Ярослав Рошупкин-намояндаи расмии Ҳавзаи марказии низомии Русия ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ки низомиёни Русия дар Тоҷикистон ба омӯзиши таъриху анъанаҳои Тоҷикистон оғоз кардаанд. Ин низомиён дар пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон хидмат мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, онҳо ҳамчунин забони тоҷикиро меомӯзанд.

Барои омӯзиши забон ба низомиёни Русия китобчаи вижаи калимаву истилоҳоти гуфтугӯии тоҷикиро бо тарҷумаи русӣ тақсим карданд. Дар ин китобча истилоҳоти муроҷиати самимона ба мардуону занон, солмандону кӯдакон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон оварда шудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар низомиёни Русия хидмат мекунанд ва пойгоҳи 201 бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз қаламраваш мебошад.

XS
SM
MD
LG