Пайвандҳои дастрасӣ

Патрик Модиано барандаи ҷоизаи Нобел шуд


Патрик Модиано, нависандаи Фаронса

Патрик Модиано, нависандаи Фаронса

9 октябр Фарҳангистони Шветсия эълон кард, ки Патрик Модиано-нависандаи фаронсавӣ барандаи ҷоизаи Адабиёти Нобел дар соли 2014 шудааст. Ин ҷоиза аз 1 миллиону 100 ҳазор доллар иборат аст. Модиано “барои ҳунари хотира” сазовори ин ҷоиза дониста шуд, ки аз ин роҳ “сарнавишти номаълуми инсонҳоро зинда кард ва олами ишғоли нозиёнро ба тасвир кашид”.

Модиано 69 сол дорад ва дар канори шаҳри Порис дар поёни ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, яъне дар соли 1945 ба дунё омад. Падари вай аз яҳудиҳои Италия ва модараш ҳунарманди театр дар Белгия будааст ва онҳо дар солҳои ишғоли Порис бо якдигар вохӯрдаанд. Дар соли 2012 Модиано барандаи ҷоизаи давлатии Австрия дар бахши адабиёти Аврупо шуд.

Дар гузашта Рудмард Киплинг, Тонӣ Моррисон, Эрнест Ҳеменгуей ба дарёфти ин ҷоиза ноил шудаанд. Соли гузашта ин ҷоизаро нависанди конодоӣ Алис Мунро гирифта буд.

XS
SM
MD
LG