Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксёнови ҷудоихоҳ раҳбари Қрим интихоб шуд


Сергей Аксионов
Сергей Аксионов

Порламони Қрим Сергей Аксёновро ба иттифоқи оро раҳбари ин нимҷазираи илҳоқшуда интихоб кард. 9 октябр дар ҷараёни раъйдиҳӣ ҳамаи 75 намояндаи порлумон аз номзадии вай ҳимоят намуданд.

Аксёнов 41 сола аст ва аз миёнаи моҳи апрел то ҳол иҷрокунандаи мақоми раҳбар дар Қрим буд. Он вақт дар натиҷаи як раъйдиҳӣ ин нимҷазираи соҳили Баҳри Сиёҳ аз Украина ҷудо шуд ва ба Русия пайваст.

Киев, кишварҳои ғарбӣ ва Маҷмаи Умумии СММ ин раъйдиҳиро ғайриқонунӣ хонданд ва аз он интиқод карданд. Аксионов дар ҷудо шудани Қрим аз Украина нақши калидӣ дошт.

Украина то ҳол Қримро қаламрави худ медонад ва инихоботи баргузоркардаи Русияро дар он ҷо ғайриқонунӣ медонад. Аксёнов бо тоторҳои Қрим муносибати дағалона дорад ва онҳо мегӯянд, ки ақалияти тортор дар ин нимҷазираи акнун зери ҳукмравоии Русия таҳқир мебинанд.

XS
SM
MD
LG