Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҳейг раҳбари Кенияро дар ҷиноёти сангин айбдор мекунад


Дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Ҳейг ё Гаага рӯзи 8 октябр бозрасии пешакии парвандаи раисиҷумҳури Кения Уҳура Кениата шурӯъ шуд. Кениата нахустин раисиҷумҳурест, ки ҳангоми ифои вазифа бо иттиҳоми ҷиноёт алайҳи башарият дар ин додгоҳ муҳокима мешавад. Худи Уҳуру Кениата иттиҳомро рад мекунад.

Раисиҷумҳури Кенияро баъди он ба Додгоҳи Ҳейг даъват карданд, ки муфаттишон ҳукумати кишварро дар махфӣ доштани санадҳои зидди Кениата айбдор намуданд.

Раҳбари Кения дар даст доштан дар хушунат ҳангоми бенизомиҳо баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2007 муттаҳам мешавад. Ҳангоми саркӯбсозии эътирозҳо ҳазорҳо нафар ба ҳалокат расиданд.

Қарор аст, ки дар поёни бозрасии дурӯза Додгоҳ санаи шурӯъи мурофиаро таъин кунад.

XS
SM
MD
LG