Пайвандҳои дастрасӣ

Брюссел дар бораи монеъаҳои пайвастани кишварҳои Балкан ба ИА


Фасод ва маҳдудсозии озодии матбуот дар Сербия ва Черногория ба раванди вуруди ин кишварҳо ба Иттиҳодияи Аврупо таъсири манфӣ мегузорад. Ба ин нукта дар гузориши Комиссиюни Аврупо оид ба мавзӯъи густариши Иттиҳодияи Аврупо таъкид шудааст. Ин гузориш рӯзи 8 октябр нашр шуд.

Ба навиштаи муаллифон, аз кишварҳои нимҷазираи Балкан Черногория барои вуруди зудтар ба Иттиҳодияи Аврупо шонси бештар дорад. Аммо ин кишвар то ҳол дар ислоҳоти низоми додгоҳӣ ба пешрафт муваффақ нашудааст.

Сербия тамоюлаш барои мубориза бо фасодро намоиш дод ва аз моҳи яквар ба музокирот барои вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо пардохт. Вале, аз нигоҳи Брюсел, мақомоти Белград бояд дар низоми адлия ислоҳот доир кунанд ва мубориза бо фасодро тақвият диҳанд. Аз нигоҳи муаллифон, нақшаи Сербия барои ширкат дар тарҳи бунёди лӯлаи гази “Мавҷи ҷануб”, ки аз тариқи он гази Русия вориди Аврупо мешавад ва ҳамчунин мухолифати Белград барои эъмоли таҳримҳо алайҳи Маскав - садди роҳи вуруди Сербия ба Иттиҳодияи Аврупо шудаанд.

Дар гузориш ба ду мушкил дар роҳи вуруди Косово ба Иттиҳодияи Аврупо - фасод ва мустақил набудани низоми додгоҳӣ низ ишора шудааст.

XS
SM
MD
LG