Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 2 сокини Душанбе барои дуздӣ аз дохили мошинаҳо


Маъмурони пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ду сокини шаҳри Душанберо ба иттиҳоми ғорати пул ва дуздии ашёи боарзиш аз дохили худравҳо дар наздикии “Наврӯзгоҳ” ё Ипподроми собиқ боздошт кардаанд. Дафтари матуботи Раёсати умури дохилии пойтахт мегӯяд, Ҷаҳонгир Ҳакимов ва Рустам Акобиров ҳангоми дуздӣ ба даст афтода, ҳоло ба суоли муфаттишон ҷавоб медиҳанд.

Ба қавли манбаъ, ин ду нафар дар моҳи августи соли 2014 низ пинҳонӣ дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” гашта, 3000 сомонӣ ва 1 телефони мобиливу флешкартаро бо худ бурдаанд. “Дар ҳамин моҳ онҳо аз дохили як мошини “Мерседес” 800 доллар, 1 телефони тамғаи “Нокиа” ва 1 адад флешкартаро ҳам дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд”,-афзуд мусоҳиби мо.

Дар канори “Наврӯзгоҳ”, Ипподроми собиқ, ҳоло шаршарае бунёд шуда, ба ҷои сайругашти сокинон табдил ёфтааст. Маъмурони пулис мегӯянд, аксари сокинон шомгоҳон бо худравҳои худ ба ин макон омада, барои сайру тамошо мераванд ва афроди дузд аз ин фурсат истифода менамоянд.

XS
SM
MD
LG