Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши барномаҳои Euronews дар Русия қатъ нахоҳад шуд


Муассисаи давлатии “Роскомнадзор” рӯзи чаҳоршанбе эълом дошт, ки пахши барномаҳои шабакаи телевизионии Euronews-ро дар Русия қатъ нахоҳад кард.

Вакили Думаи давлатӣ аз ҷиноҳи “Русия воҳид” Михаил Меркелов миёнаҳои моҳи сентябр бино аз болои Euronews барои пахши навори тирборони акси Владимир Путин аз сӯи Горди милли Украина ба “Роскомнадзор” ва Додситонии кулли Русия муроҷиат кард. Дар посухи “Роскомнадзор” ба аризаи Маркелов гуфта шудааст, ки ҳадафи тирборон ҳамагӣ панҷ сония дар экран пайдо мешавад ва муқаррар кардани он ки низомиёни украинӣ воқеъан ҳам ба акси Путин тирандозӣ мекунанд, ғайримумкин аст.

Аз ин пеш як намояндаи вазорати умури хориҷии Русия шабакаи Euronews-ро дар инъикоси ғайривоқеъӣ ва муғризонаи ҳаводиси Украина ва масоили марбут ба он айбдор карда буд.

XS
SM
MD
LG