Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар дар маъракаи эмгузаронӣ дар Покистон


Таркиши минаи сарироҳӣ дар шимолу ғарби Покистон мунҷар ба ҳалокати корманди гурӯҳи эмгузаронӣ аз полиомиелит ва як хешованди ӯ шуд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 8 октябр дар рустои Алӣ Нигори минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон рӯй дод, як корманди гурӯҳи эмгузаронӣ ҷароҳат бардоштааст.

Дар ин минтақа мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” фаъоланд аммо масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст.

Толибон мухолифи эмгузаронии кӯдакони гирифтори полиомиелитанд ва кормандони ин маъракаро ҷосусҳои Амрико мехонанд. Дар шаҳри Пешовар рӯзи 6 октябр бар асари таркиши бомб дар канори бемористоне, ки эмгузаронӣ аз полиомиелит идома дошт, ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Покистан яке аз се кишвари олам аст, ки он ҷо сатҳи маризии полиомиелити атфол маҳз бар асари муқовимати гурӯҳҳои тундрав ба эмгузаронӣ баланд боқӣ мемонад. Аввалҳои моҳ кормандони вазорати ҳифзи сиҳтаи Покистон эълом доштанд, ки ахиран боз 200 ҳодисаи мубталоии кӯдакон ба полиомиелитро ошкор кардаанд.

XS
SM
MD
LG