Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати Собир Ашӯров: Дар Туркия ё ҷанги Сурия? (САДО)


Шайдон, маркази ноҳияи Ашт. Акс аз бойгонӣ

Шайдон, маркази ноҳияи Ашт. Акс аз бойгонӣ

Агарчӣ баъзе аз манобеъ аз кушта шудани Собир Ашӯров дар майдони ҷанги Сурия хабар дода, аз ӯ "шаҳид" ном мебаранд, аҳли хонаводааш мегӯянд, ки ӯ дар Туркия даргузаштааст.

Хонаводаи Собир Ашӯрови 28-сола дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт5 рӯз боз барои даргузашти фарзанди ҷавони худ дар ғурбат мотам гирифтаанд. Аммо онҳо дақиқ намедонанд, ӯ кай, дар куҷо ва дар кадом вазъияте фавтидааст?

Дар ҳоле ки хабарҳо аз кушта шудани ин сокини ҷавони Ашт дар майдони ҷанги Сурия мерасад, Абдусамеъ Ашӯров -- падари ӯ мегӯяд, Собир гӯиё дар Туркия фавтидааст. “Рости гап, мо ҳам ҳақиқати ҳолро намедонем. Фақат ҳамсараш аз Истанбул ба мо занг зад ва гуфт, писарам фавтидаасту бояд мотам гирем. Мо ҳам гирифтем ва то кунун даҳҳо хеши дуру наздик омада, фотиҳа хонда рафтанд,” - гуфт ӯ рӯзи 7 октябр дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ .

Оқои Ашӯров мегӯяд, бар асоси хабари келинаш, ки ҳоло ҳамроҳ бо ду фарзанди хурдсол дар Истамбул қарор дорад, ҷасади Собир дар Туркия ба хок супурда шудааст. Вай афзуд, писараш 13 сол боз берун аз Тоҷикистон мезист ва аз ин ҳисоб 12 солашро дар Русия паси сар карда, дар ҳамон ҷо издивоҷ кардааст. Ба гуфтаи ин сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, фарзанди ӯ ҳамагӣ 11 моҳи пеш ба Туркия рафта, ба гуфтаи худаш барои дарёфти шаҳврандии он кишвар ҳуҷҷат супоридааст: “Ба ман гуфта буд, ҳамроҳи боҷааш, ба Истанбул рафтаанд. Ӯ турк аст. Мо ҳам аз ин дилпур будем. Аммо ҳоло ин хабар расида, моро дар ҳолати ғамгинӣ ва шок қарор дод. Худатон мефаҳмед, фарзанд чист ва аз даст доданаш, бахусус дар ин синну сол чӣ қадар мушкилу дардовар аст.”

Падари Собир Ашӯров дар идома гуфт, писараш пайваста тариқи Интернет ва телефон бо ӯ дар тамос буд: “Мегуфт, тоза ба кор шуруъ кардааст. Вай барои пул фиристодан ҳоло фурсат наёфта буд ва мо ҳам ба хотири он ки ҳамроҳи зану фарзандаш дар мулки бегона аст, чунин хоҳиш накардем. Ҳоло, намедонам, ҳамсараш ҳамроҳ бо ду фарзанди хурдсоли худ ба кишвари мо меоянд, ё на.”

Ҳарчанд мақомоти маҳаллии Ашт то кунун дар ин замина изҳори назар накардаанд, аммо баъзе аз ҳамдеҳагони Собир мегӯянд, бар асоси хабарҳои шунидаи онҳо, ӯ аз Туркия ба Сурия гузашта, дар ҷангҳо фавтидааст. Як номаи беимзо, ки баъд аз зуҳри 7 октябр дастраси баъзе аз расонаҳои кишвар гардид, низ мегӯяд, Ашӯров Собир Абдусамиевич дар таркише дар Сурия ҷон бохта, шаҳид шудааст. Дар ин номаи беимзо аз Собир “муҷоҳиди аввалин аз ноҳияи Ашт” ном бурда мешавад.

Дар сурати таъйиди марги Собир Ашӯров ва он ҳам дар ҷангҳои Сурия теъдоди кушташудагони атбои кишвар дар он ҷо як нафар афзоиш хоҳад ёфт. Се ҳафта пештар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ гуфт, дар Сурия ва ғолибан дар саффи нерӯҳои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” то 190 шаҳрванди тоҷик меҷанганд ва то имрӯз 30 ҷангии тоҷик дар Сурия кушта шудаанд.

Дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ бо иловаи як банд ба Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои ҷалби афрод ба ҷангҳои бегона ва ширкат дар чунин ҷангҳоро шадид карданд. Аз ин ба баъд барои чунин аъмол дар Тоҷикистон метавонанд муттаҳамонро ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ рӯзи 25 сентябри соли ҷорӣ бо назардошти тавсеа ёфтани ҷалби ҷавонон ба амалиёти ҷангӣ ва равандҳои ифротгароёна дар Шарқи Наздик, ки зери номи “ҷиҳод” идома дорад, фатвоеро содир кард. Дар ин фатво “кӯшиши баъзе ашхос, ки барои ноором кардани вазъи ҷомеа ва барҳам задани ваҳдати миллӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ ҳамдастӣ ва миёни мардум фитнаву тафриқа эҷод менамоянду эътимоди мардумро аз раҳбаронашон коста мегардонанд” маҳкум ва “гуноҳи кабира” унвон шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG