Пайвандҳои дастрасӣ

Курдҳо хостори ҳимояти дунё аз Кӯбонӣ шуданд


Эътирозгарони курд як бахши парлумони Ҳуландро ишғол карданд

Эътирозгарони курд як бахши парлумони Ҳуландро ишғол карданд

Дар чанд шаҳри Туркия миёни полис ва эътирозгарони норозӣ аз бетафовутии ҳукумат дар баробари талоши гурӯҳи “Давлати исломӣ” барои ишғоли шаҳри Айн-ул-араб ё Кӯбонӣ дар шимоли Сурия бархӯрдҳо сурат гирифтанд. Ба навиштаи расонаҳои туркӣ, баъд аз даъвати Ҳизби коргарони Курдистон рӯзи 7 октябр ҳазорон нафар ба хиёбонҳои Истамбул ва шаҳрҳои курднишини воқеъ дар шарқи Туркия - Диёрбоқир ва Мардина - рехтанд.

Садҳо нафар рӯзи 7 октябр дар ҳамин гуна ҳамоиши эътирозӣ ва бо талаби дифоъ аз шаҳри Кобанӣ дар канори бинои порлумони Аврупо дар Брюссел низ ширкат доштанд. Онҳо аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ талаб карданд, ки барои мудофиаи шаҳри Кӯбонӣ талоши бештар ба харҷ диҳад. Рӯзи душанбе эътирозгарони курд як бахш аз бинои парлумони Ҳуландро ишғол карда буданд.

Ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” баъд аз даргириҳои шадид рӯзи сешанбе ба Айн-ул-Араб ё Кӯбонӣ, шаҳри воқеъ дар марзи Сурия бо Туркия, ворид шуданд. Ин шаҳр се ҳафта дар муҳосираи гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор дошт.

Рӯзҳои ахир бар асари даргириҳо садҳо ҳазор сокинони ин шаҳри асосан курднишин Айн-ул-арабро тарк намуда, дар қаламрави Туркия панаҳ бурданд. Рӯзи сешанбе созмонҳои хайрия ба интиқоли низомиёни маҷрӯҳ ва сокинони осоишта ба қаламрави Туркия машғул буданд.

XS
SM
MD
LG