Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 ошӯбгар аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин дар Покистон


Бар асари зарбаҳои ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар шимолу ғарби Покистон дасти кам 5 узви эҳтимолии гурӯҳҳои ошубгар кушта шуданд. Ба иттилои кормандони амниятӣ, ҳамла рӯзи сешанбе дар мавзеъи Шавол, дар вилояти Вазиристони Ҷанубӣ, сурат гирифт.

Дар ҳамин гуна зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ду рӯзи гузашта тақрибан 10 ҷангҷӯ ба ҳалокат расиданд.

Артиши Покистон аз моҳи июн амалиёти низомӣ алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши «Толибон» дар Вазиристони Шимолиро идома медиҳад. Бар асари ин амалиёт, ба иттилои Исломобод, беш аз ҳазор узви гурӯҳҳои тундрав ва тақрибан 100 сарбози покистонӣ кушта шуданд. Аммо ин рақам аз сӯи манбаъҳои мустақил таъйид нашудааст.

Мақомоти Покистон чандин бор алайҳи зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин эътироз карданд ва онро дахолат ба умури кишвару дар мубориза бо терроризм «номуассир» мехонанд.

XS
SM
MD
LG