Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фармондеҳи қисми ҳарбӣ бо 600 доллар “пора”


Рустам Сагизов -- фармондеҳи ротаи таълимии қисми низомии 2613-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо иттиҳоми суистифода аз мақом ва гирифтани ришва боздошт шудааст. Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Душанбе мегӯяд, Сагизов аз роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Азимов даромада, барои интиқоли додарзодаи ӯ аз як қисм ба қисми дигари ҳарбӣ дар ду ҳолат 600 доллар гирифта, ин пулро барои эҳтиёҷи худ истифода намудааст.

Ба иттилои дафтари матуботи Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Душанбе, феълан фармондеҳи қисми ҳарбии сарҳадӣ бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ айбдор мешавад. Рустам Сагизов дорои маълумоти олӣ ва соҳиби 2 фарзанд буда, дар шаҳри Кӯлоб мезистааст. Ӯ қаблан низ бо моддаи 247, қисми 2, яъне “қаллобӣ” боздошт ва маҳкум гардида будааст.

XS
SM
MD
LG