Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Непал як автобуси мусофирбар ба ҷарӣ сарозер шуд


Дар Непал бар асари ба ҷарӣ сарозер шудани як автобуси мусофирбар дасти кам 29 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои полис, дар автобус тақрибан 100 нафар мусофирон буданд ва бештари онҳо ба ҷашни мазҳабии ҳиндуҳо Дашайн мерафтанд. Фоҷиа дар як роҳи танги кӯҳии мавзеъи Дотӣ, воқеъ дар 800-километрии пойтахт – шаҳри Катманду рӯй дод.

Гуфта мешавад, ки вазъи бади роҳҳои Непал ва бемасъулияти ронандаҳо бисёр вақт сабаби рӯй додани фоҷиа дар ин кишвар мешавад. Ҳамасола дар садамаҳои нақлиётӣ дар Непал тақрибан якуним ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд.

XS
SM
MD
LG