Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Бан Ки Мун аз пешрафти "Давлати исломӣ" дар Сурия


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз ишғоли ҳарчӣ бештари қаламрави шимоли Сурия аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ кард. Бино ба изҳороте, ки рӯзи сешанбе дафтари матбуоти ӯ нашр кард, Дабири кулл аз ҳамаи онҳое, ки имкони ҳимоя аз мардуми осоиштаи шаҳри Айн-ул-Араб ё Кобаниро доранд, хостори ёрмандӣ шудааст.

Аз ин пештар ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” баъд аз даргириҳои шадид барои вуруд ба ин шаҳри воқеъ дар марзи Туркия муваффақ шуданд. Айн-ул-Араб се ҳафта дар муҳосираи гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор дошт.

Рӯзҳои ахир бар асари даргириҳо садҳо ҳазор сокинони ин шаҳри асосан курднишин Айн-ул-арабро тарк намуда, дар қаламрави Туркия панаҳ бурданд. Рӯзи сешанбе созмонҳои хайрия ба интиқоли низомиёни маҷрӯҳ ва сокинони осоишта ба қаламрави Туркия машғул буданд.

XS
SM
MD
LG