Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипосгузории Раҳмон аз имом-хатибони Қумсангир


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба рӯҳониёни ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон барои саҳмашон дар бунёди мактабу муҳайё кардани ҷойҳои нишаст дар таълимгоҳҳо изҳори сипос кард.

Оқои Раҳмон, ки 6 октябр бо сокинони ин ноҳия суҳбат дошт, гуфт, “умуман дар тӯли солҳои 1997 - 2014 тавассути дастгириҳои давлатӣ ва бо ҳиммати соҳибкорону падару модарон дар муассисаҳои таълимии ноҳия қариб 4 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст, ки албатта дар самти донишомӯзии хонандагон ва фаъолияти мусоиди кории омӯзгорон таъсири мусбат мерасонад.” Вай афзуд, “дар ин самт саҳми шахсони руҳонӣ, аз ҷумла имому имом-хатибон ҳам зиёд аст. Ба шумо як ҷаҳон ташаккур мегӯям ва инро кори хайр мегӯянд”.

Як сол пеш аз ин, Холмурод Раҳмонов -- раиси Қумсангир дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо тавонистаанд аз руҳониён ба нафъи рушди ноҳия ва ба хусус соҳаи маориф истифода кунанд.

“Аз руҳониён набояд тарсид. Бубинед, як одамро ду дафъа «девона» номем, дафъаи сеюм вай ҳатман девона мешавад. Худо шоҳид, ки танҳо дар як соли охир муллою эшонҳои ноҳия 20 мактаб сохтаанд. Дар он ҷойҳое, ки домуллоҳо мактаб сохтанд, ё мактаб набуд, ё синфхонаҳояш дар ҳоли садамавию сангин қарор дошт. Пештар рафта медидед, дар даруни синфхона ҳам ангишт рехта шудааст, ҳам кӯдакони бечора таҳсил мекарданд, ҳам он ҷо кабинети муаллимон маҳсуб мешуд. Магар ин иқдоми домуллоҳо қобили таҳсину дастгирӣ нест?”,-таъкид дошта буд ӯ.

XS
SM
MD
LG