Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қрим ҷасади тотори гумшударо пайдо карданд


Як марди тотор бо номи Эдем Асанов, ки дар Қрим моҳи гузашта бедарак шуда буд, ба гуфтаи хоҳараш, ҷасадашро пайдо кардаанд. Фарида-хоҳари вай 6 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ҷасади бародараш дар сардхонаи шаҳри Евпатория аст ва 7 октябр вайро дар шаҳраки Саки ба хок месупоранд.

Фарида номи хонаводаии худро нагуфтааст ва дар бораи худаш низ маълумот надодааст. Аъзои ҷамъияти тоторҳои Қрим мегӯянд, дар ҷараёни маъракаи таҳқири зидди ақалиятҳои туркзабони Қрим бисёре аз ононе, ки мухолифи пайвастани Қрим ба Русия буданд, рабуда шудаанд. Моҳи марти соли ҷорӣ ин нимҷазира аз Украина ҷудо шуд ва ба Қрим пайваст.

Мақомоти Қрим дар бораи бедарак шудани Асанов ба таври расмӣ тавзеҳ надода буданд. Вай 29 сентябр бедарак шуд. То ҳол маҳали буду боши Ислом Ҷеппаров ва Ҷевдет Исламов-ду раҳбари ҷамъияти тоторҳои Қрим низ номаълум аст. Онҳо 27 сентябр рабуда шуда буданд.

XS
SM
MD
LG