Пайвандҳои дастрасӣ

Барандагони ҷоизаи тиббии Нобел дар соли 2014 эълон шуданд


Кумитаи эътои ҷоизаҳои Нобел дар донишгоҳи салтанатии тиббии Стокҳолм барандаи ҷоизаи тиббии Нобелро эълон кард. Ҷон О”Кифф-шаҳрванди Амрико, ки ҳамзамон шаҳрвандии Бритониёро қабул кардааст, барандаи ин ҷоиза дар соли 2014 шуд. Ҳамчунин зану шавҳар Мей-Бритт Мозер ва Эдвард Мозер- донишмандон аз Норвегия ба дарёфти ҷоизаи тибби Нобел ноил омаданд.

7 октябр ҷоиза дар бахши физика ва 8 октябр ҷоиза дар бахши кимё ё химия эълон хоҳанд шуд.

Дар ҳоле, ки Нобел бо сару садоҳо дар бораи се ҷоизаи илмӣ оғоз меёбад, ин сару садоҳо низ бештар мешавад, ки ҷоизаи Сулҳи Нобел 10 октябр эълон хоҳад шуд.

278 нафар ба ҷоизаи Сулҳи Нобел пешниҳод шудаанд, ки дар миёни онҳо Франсис-попи Рум ва Эдвард Сновден-ифшогари асрори электронии Амрико низ ҳастанд. Номи Сновденро ду намояндаи порламони Норвегия пешниҳод кардаанд.

XS
SM
MD
LG