Пайвандҳои дастрасӣ

Курдҳо барои шаҳраки Кубонӣ муборизаро идома медиҳанд


5 октябр пешмаргаҳои курд бо ҳимояти ҳамлаҳо аз ҳаво ба сарпарастии Амрико шаҳраки Кубониро дар марзи Сурия дар контроли худ нигоҳ доштанд. Бино ба гузоришҳо, тундравҳои Давлати Исломӣ шоми шанбе баландии наздикии Кубониро ишғол карданд, вале ҳамлаҳои ҳавоӣ онҳоро аз пешравӣ ба самти шаҳрак боздошт.

Идрис Наҳсен-мақоми маҳаллии Кубонӣ гуфт, шӯришиёни Давлати Исломӣ дар фосилаи яккилометрӣ то шаҳр пеш омада буданд ва танҳо ҳамлаҳои ҳавоӣ наметавонист онҳоро боздорад.

Ситоди нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Лондон мегӯяд, як зани курдӣ дар яке аз мавозеи тундравҳои исломӣ худро мунфаҷир сохт.

Кубонӣ шаҳраке дар марзи миёни Сурияву Туркия ҳоло ба маҳали аслии муборизаҳои байналмиллалӣ бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ табдил ёфтааст.

XS
SM
MD
LG