Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса бо васиқа Мухтор Аблязовро раҳо накард


Мухтор Аблязов

Мухтор Аблязов

Яке аз додгоҳҳои Фаронса раҳоии Мухтор Аблязов-ғули иқтисодӣ ва норозии фирории Қазоқистонро бо васиқа рад кард. 6 октябр додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Лион тасмим гирифт, ки наметавонад Аблязовро раҳо кунад, зеро бовар нест, ки дар сурати раҳоӣ вай дар Фаронса бимонад.

Соли гузашта Аблязов дар шаҳри ҷанубии Эксопроваси Фаронса боздошт шуд. Вай соли 2009 аз Қазоқистон фирор кард. Вайро мақомоти додгоҳии ин кишвар вайро муттаҳам карданд, ки ҳангоми кор дар бонки BTA 6 миллиард долларро моли худ намудааст.

Аблязов аз мухолифони давлати Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ба шумор меравад ва мегӯяд, ки ин парванда ангезаи сисёсӣ дорад.

Қазоқистон дар бораи истирдод бо Фаронса қарордод имзо накардааст, вале чунин қарордод бо Ураинаву Русия дорад. Мурофиаи додгоҳии вай дар бораи истирдод ба Русия ё ба Украина дар поёни моҳи ҷорӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG