Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 5 афсари пулиси чечен дар Грозний


Маҳали таркиш дар Грозний
Маҳали таркиш дар Грозний

Як бамгузори маргталаб дар шаҳри Грозний-маркази Чеченистон 5 афсари пулисро ба қатл расондааст. Вазорати корҳои дохилаи ин ҷумҳурии Русия хабар додааст, ки 5 октябр бамгузор худро дар маҳале таркондааст, ки бояд дар он ҷо ба муносибати «Рӯзи Грозний» консерт баргузор мешуд. Дар ин ҳамла дастикам 12 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабаргузориҳои Русия гузориш додаанд, ки кормандони пулис, ки дар маҳали баргузории консерт бо детектор ё дастгоҳи ҷустуҷӯи маводи тарканда кор мекарданд, дар миёни мардум ба рафтори як ҷавон шубҳа кардаанд. Бино ба хабари вазорати корҳои дохила, вақте ки кормандони пулис ба вай наздик шудаанд, вай маводи худро таркондааст.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин бамгузори маргталаб алҳол Ортӣ Муродови 19 сола тахмин зада мешавад. Рамазон Қодиров-раиси ҷумҳури рӯ ба Маскави Чеченистон аз тағирот дар шаҳри Грозний ситоиш карда буд ва гуфт, ин шаҳр дар гузаштаи наздик валангор буд ва ҳоло бозсозӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG