Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши рубли русӣ бештар поин рафт


Арзиши рубли Русия дар баробари доллар поин рафтааст ва акнун 1 доллар ба 40 рубл баробар шудааст. Дар давоми се моҳи гузашта рубли русӣ ба сабаби таҳримҳои Аврупо ва Амрико ва нақши Русия дар муноқишаҳои Украина тадриҷан поин меравад.

Дар моҳи июл як доллар ба 34 рубл баробар буд, вале 4 октябр як доллар ба 39,70 баробар шуд. Арзиши рубли русӣ аз соли 1991, яъне аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз наздик назорат мешавад ва онро нишонаи рушд ё ақибмондагии иқтисоди Русия медонанд.

Поин рафтани арзиши рублро мухолифони кохи Кремли Маскав, аз ҷумла Алексей Навалний, истиқбол карданд. Навалний гуфт, шумораи 40 “ҳисобу китоб”-ро соддатар мекунад.

XS
SM
MD
LG