Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Раҳмон барои ошноӣ бо вазъи сокинони Хатлон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 6 октябр барои ошноӣ бо вазъи зиндагӣ ва шароити кори сокинони минтақаи ҷанубии кишвар ба вилояти Хатлон рафтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, боздиди оқои Раҳмон аз ноҳияи Панҷ оғоз ёфта, ӯ нахуст дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонае иштирок намудааст.

Манбаъ мегӯяд, ин меҳмонхонаро, ки аз ду ошёна иборат мебошад, соҳибкор Абдусалим Қаландаров бо харҷи 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохтааст. Оқои Раҳмон, инчунин, ба ҳангоми баҳрабардорӣ аз як маркази тиҷории “Фазйи Кабир” ва як коргоҳи дӯзандагӣ ҳам иштирок карда, занонро бештар ба қолибофӣ даъват намудааст.

XS
SM
MD
LG