Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлати исломӣ" як мавқеи стратегии канори Кобаниро ишғол кард


Мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯзи якшанбе баъди даргириҳои шадид қисми ҷанубии теппаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳими Мишта Нурро, ки дар канори шаҳри Кобани Сурия ҷойгир аст, ишғол карданд. Дар ин бора 5 октябр Маркази дибони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, хабар дод. Нерӯҳои пешмаргаи курд ва низомиёни суриягӣ қисмати шимолии наздик ба шаҳри ин теппаро таҳти назорат доранд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ садди роҳи ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” нашуданд.

Шаҳри Кобанӣ ду ҳафта боз дар муҳосираи ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” қарор дорад.

Беш аз 300 ҳазор аз сокинони шаҳр дар Туркияи ҳамсоя панаҳ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG