Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои шадид дар атрофи шаҳри Кобании Сурия


Дар канори шаҳри Кобанӣ, воқеъ дар марзи Сурия бо Туркия, рӯзи якшанбе даргириҳо миёни ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва нерӯҳои Пешмаргаи курд шадидтар шуданд. Ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба мавқеъҳои ҷангиён зарба мезананд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар шаҳр пайваста таркишу тирандозӣ садо медиҳад, дар бахши шарқии Кобанӣ дуди сиёҳ ба фазо мепечад.

Шаҳри Кобанӣ ду ҳафта боз дар муҳосираи ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” қарор дорад. Беш аз 300 ҳазор аз сокинони шаҳр дар Туркияи ҳамсоя панаҳ бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол нашрияи олмонии Bild am Sonntag рӯзи якшанбе бо такя ба хадамоти кашфи Амрико хабар дод, ки мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” мехоҳанд дар ниқоби паноҳанда вориди Аврупо шаванд. Онҳо аз Сурия вориди Туркия мешаванд ва аз он ҷо бо шиносномаҳои тақаллубӣ ба Аврупои ғарбӣ мераванд.

Рӯзномаи олмонӣ навиштааст, ки кормандони хадамоти кашфи Амрико аз қасди ситезаҷӯён баъд аз дастрас крадани тамоси телефонии раҳбарони гурӯҳи “Давлати исломӣ” огаҳ шудаанд. Гуфта мешавад, ба гурӯҳҳои террористӣ парвоз аз тариқи ҳавопаймоҳо манъ шудааст, зеро назорат дар фурудгоҳҳо шадидтар аст. Бархе аз расонаҳо навиштаанд, ки ҳадафи террористҳо – таҳияи ҳамлаҳои террористӣ дар қораи Аврупо мебошад.

XS
SM
MD
LG