Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи ҳукмрони Латвия дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуд


Дар интихоботи Сейм ё парлумони Латвия ҳизби русгарои сотсиал-демократӣ “Согласие” пешсаф аст – мақомоти интихоботӣ рӯзи 5 октябр гуфтанд, ки баъд аз шумурдани беш аз 60 дар сади баргаҳои раъйдиҳӣ ин ҳизб тақрибан 24 дар сади овозҳои интихобкунандагонро соҳиб шудааст.

Аммо аз се ҳизбе, ки қарор аст ҳукумати эътилофиро ташкил кунанд, дар маҷмӯъ тақрибан 56 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд. Ҳизби Иттифоқи “сабзҳо”-ву кишоварзон ва ҳизби “Единство” каме бештар аз 20 дар садӣ ва иттиҳодияи миллии “Ҳама барои Латвия – Ватан ва Озодӣ” 15,5 дар сади раъйҳоро ба даст оварданд.

Ду ҳизби тозатаъсис – “Иттиҳодияи минтақаҳои Латвия” ва “Латвия – аз самими қалб” ҳам ба дарёфти мандатҳои парлумони нав муваффақ шуданд.

Рӯзи шанбе 57,3 дар сад аз якуним миллион нафар шаҳрвандони соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд.

Бар пояи пешгӯиҳо, натиҷаҳои ҳизби “Единство”, ки нахуствазири феълӣ Лаймдота Страюма узви он аст ва ҳизбҳои ҳампаймонаш имкон медиҳанд, ки эътилофи ростумарказгаро барои чаҳор соли дигар дар Латвия сади қудрат бимонад.

XS
SM
MD
LG