Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёдгузори Театри Таганка Юрий Любимов аз олам даргузашт


Юрий Любимов, таҳиягари маъруфи рус ва бунёдгузори Театри Таганка, рӯзи якшанбе дар синни 98-солагӣ аз олам даргузашт. Се рӯз пеш ӯ дар вазъи сангин ба бемористони ба номи Боткини Маскав интиқол ёфта буд.

Юрий Любимов панҷоҳ сол пеш, замоне, ки ҳунарпешаи маъруфи синамо ва Театри ба номи Вахтангов буд, Театри Таганкаро таъсис кард. “Одами меҳрубон аз Сезуан” аз рӯи намоишномаи Бертолд Брехт – нахустин намоишномаи театри тозабунёд буд. Дар ин театр солҳои хиёд ситораҳои ҳунари Русия – Владимир Висотский, Валерий Золотухин, Леонид Филатов, Вениамин Смехов, Алла Демидова ва дигарон кор карданд.

Юрий Любимов театри таъсискардаашро ду бор тарк намуд – бори аввал солҳои 80-ум, вақте, ки раҳбарони Ҳизби коммунист намоиши спектакл ба ёди Владимир Висотскийро манъ карданд ва ӯ маҷбур шуд Иттиҳодияи Шӯравиро тарк кунад ва бори дуввум – моҳи июни соли 2011, баъд аз он ки ҳангоми сафари ҳунарӣ ба Ҷумҳурии Чех миёни ӯву ҳунарамандон низоъ бархост.

Солҳои ахир Юрий Любимов бо дигар театрҳо ҳамкорӣ мекард. Моҳи июни соли 2013 дар Театри Калони Маскав операи “Княз Игор” дар таҳияи Юрий Любимов рӯи саҳна омад. Нахустнамоиши охирин асари ба саҳна гузоштаи таҳиягари маъруф – “Мактаби ҳамсарҳо” аз рӯи мазҳакаи Молиер дар театри “Новая опера” 20 майи соли равон баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG