Пайвандҳои дастрасӣ

Камерон куштори Ҳеннингро "нобахшиданӣ" номид


Дэвид Камерон, нахуствазири Бритониё, куштори Алан Ҳенниг аз сӯи ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломи”-ро ро амали “манфур, бемаънӣ ва комилан нобахшиданӣ” номид. Ӯ дар изҳорот рӯзи шанбе, 4 октябр, гуфт, “мо бояд аз ҳама чораҳои дар ихтиёрамон буда барои пайдо кардани қотилон кор бигирем”.

Навори видеоии қатли шаҳрванди Бритониё Алан Ҳеннинг шоми рӯзи ҷумъа дар интернет пайдо шуд.

Дэвид Камерон афзуд, Ҳенниг, ки ба хотири ироаи кӯмаки башарӣ ба Сурия рафта буд, шахси меҳрубону ҳамдарди дигар ва хело ғамхор буд.
Моҳи гузашта дигар шаҳрванди Бритониё - Дэвид Ҳейнс ҳам аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” эъдом шуда буд. Ҳейнс – корманди як созмони хайрияро соли гузашта дар Сурия гаравгон гирифта буданд.

Ҷангиёни “Давлати исломӣ” изҳор намуданд, ки қатли Ҳейнс – интиқом барои амалиёти Лондону Вошингтон алайҳи ин гурӯҳ аст. Аз ин пеш мусаллаҳони “Давлати исломӣ” бо ҳамин далел ду хабарнигогри амрикоӣ Ҷеймс Фоулӣ ва Стивен Сотлоффро эъдом карда буданд.

Дар навори ахири видеоӣ ҷангҷӯён таҳдид кардаанд, ки шаҳрванди Амрико Питер Кэссигро қатл мекунанд.

XS
SM
MD
LG