Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати шаш нафар дар таркише дар шаҳри Коҳати Покистон


Бар асари таркиш дар истгоҳи автобусҳо дар шимолу ғарби Покистон дасти кам шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои полис, дар ин ҳамла, ки рӯзи 4 октябр дар шаҳри Коҳат сурат гирифт, 18 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бомби дар автобус ҷойгузоришуда дар ҳоле таркид, ки садҳо мусофирон дар истгоҳ ҷамъ омада буданд, то барои таҷлили Иди Қурбон ба шаҳрҳои гуногуни кишвар сафар кунанд.

Масъулияти таркишро касе бар дӯш нагирифтааст.

Шаҳри Коҳат дар тақрибан 50 километрии ҷанубу ғарби Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхва, ҷойгир шудааст.

Ду рӯз пеш бар асари таркиш дар як автобуси дигар дар наздикиҳои Пешовар 7 нафар ҷон бохта буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG