Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шветсия эълон кард, Фаластинро ба расмият мешиносад


Стефан Лёвен, нахуствазири нави Шветсия, рӯзи ҷумъа эълон кард, ки кишваре бо номи Фаластинро ба расмият мешиносанд. Ӯ дар аввалин суханронӣ дар парлумони кишвараш гуфт, “роҳи ҳал ин аст, ки ду тараф якдигарро ба расмият бишносанд ва хостори зиндагии мусолиматомез дар канори ҳамдигар бошанд.”

Мақомҳои фаластинӣ билофосила аз ин иқдоми Шветсия истиқбол карданд, аммо Амрико онро “иқдоме нобаҳангом” хондааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, “мо қатъан аз кишвар шудани Фаластин ҳимоят мекунем, аммо ин рӯйдод бояд дар музокироти ду тараф ҳосил шавад.”

Шветсия нахустин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупост, ки Фаластинро ба расмият мешиносад. Булғористон, Қибрис (Кипр), Ҷумҳурии Чех, Маҷористон (Венгрия) ва Лаҳистон (Полша) пеш аз узвият дар Иттиҳодияи Аврупо Фаластинро ба расмият шинохта буданд.

XS
SM
MD
LG