Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусалмонҳои олам Иди Азҳо ё Қурбонро таҷлил мекунанд


Дар аксар кишварҳои олам рӯзи шанбе Ид ал-Азҳо ё Иди Қурбон таҷлил мешавад.

Дар Русия ин идро дар ҳашт минтақаи асосан мусалмоннишин – Адигея, Бошқирдистон, Доғистон, Қабардину Балқар, Карачаево-Черкессия, Тотористон ва Чеченистон бо шукӯҳи зиёд ҷашн мегиранд.

Субҳи рӯзи шанбе дар бузургтарин масҷидҳои шаҳри Маскав – Масҷиди Ҷомеъ, Масҷиди Поклонная Гора ва Масҷиди Таърихӣ намози ид баргузор шуд. Барои мусалмонҳо дар пойтахти Русия ҳамчунин ҷойҳои махсуси намозгузорӣ ҷудо шуда буд.

Соли гузашта дар Иди Қурбон дар Маскав 150 ҳазор нафар ширкат доштанд.

Иди Қурбон дар поёни маросими Ҳаҷҷи Акбар дар Макка таҷлил мешавад. Дар ин рӯз ҳар мусалмон муваззаф аст, уштур, гов, гусфанд ё бузро қурбонӣ кунад. Ба иттилои шаҳрдории Маскав, имсол барои забҳи чорво дар атрофи шаҳр 11 ҷойи махсус ҷудо карда шудааст.

Иди Қурбон дар Тоҷикистон, бар асоси тасмими Шӯрои уламои Маркази исломӣ, рӯзи якшанбеи 5 октябр ҷашн гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG