Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дэвид Камерон-нахуствазири Бритониё рӯзи ҷумъа аз Кобул боздид кард ва изҳор дошт, ки Британия ҳамеша “дӯсти қавӣ ва боварибахш”-и Афғонистон хоҳад буд.

Камерон нахустин раҳбари кишвари хориҷист, ки барои музокира бо Ашараф Ғанӣ Аҳмадзай-раиси ҷумҳури нави Афғонистон ба ин кишвар омад.

Дар нишасти хабарии муштарак Камерон аз ҳукумати нави ваҳдати миллии Афғонистон даъват кард, ки барои ташкили давлати вораста аз ришвахорӣ ва давлати дорои сохторҳои муаассир талош кунад.

Дэвид Камерон 3 октябр баъд аз вуруд ба Кобул маросими поси хотираи 453 нафар сарбозони Бритониёро ба ҷо овард. Онҳо ҳангоми хидмат дар Афғонистон дар ҷангҳо кушта шудаанд. Вай аз сарбозони маҷруҳшуда низ ёдоварӣ кард.

Камерон гуфт, аз замони вуруди нируҳои байналмиллалӣ ба Афғонистон ба сарпарастии Амрико дар соли 2001 Афғонистон марҳилаи гузорро тай кард ва ҳоло артишу пулисе ташкил кардааст, ки метавонанд аз кишварашон дифоъ кунанд.

Нахуствазири Британия баъд аз чаҳор рӯзи савганди Ашарф Ғанӣ ба унвони раиси ҷумҳури нав аз Кобул боздид мекунад. Британия баъд аз Амрико дуввумин кишвари бузурги узви эътилофи низомии байналмиллалӣ ба шумор меравад.

Акнун баъд аз 13 соли ҳузур нируҳои Британия то поёни соли ҷорӣ Афғонистонро бояд тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG