Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Домулло Сайидакбар ба намозгузорон


Домулло Сайидакбар, ноиби раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи 3 октябр ба масъалаи нишасту хез ва намозгузорӣ дар масоҷид дахл кард. Ӯ, ки дар масҷиди марказии Душанбе сухан мегуфт, таъкид дошт, дар аксар масоҷиди кишвар дурбинҳои назоратӣ насб шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар он ҷо ҳузур доранд ва сокинон бояд аз “амалҳои ноҷо” парҳез кунанд.

Вале Домулло Сайидакбар дақиқан нагуфт, манзураш аз “амалҳои ноҷо” ва ҳушдор аз ҳузури мақомоти интизомӣ дар масҷидҳо чист.

Аз ин пеш, Сайидмукаррам Абдулқордирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ низ дар яке аз мавъизаҳояш хитоб ба ҷавонон гуфта буд, бе ягон “нағма” намозҳояшонро гузоранд ва онҳоро зери “гап” намонанд. Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта як сокини ҷавони пойтахт барои таблиғи “Сафалия” дар масҷиди марказии Душанбе боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG