Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи Ф.Зокиров бе ҳузури хабарнигорон


Мурофиаи Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони боздоштшудаи Зайд Саидов, рӯзи 3 октябр дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо дархости худи ӯ бе ҳузури журналистон идома кард.

Собиқ вакили дифои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов, ки ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буд, ба ҳайси роҳбари корхонаи "Паймонсипар" ба саволҳои додрас посух медиҳад. Ин корхона ба таҳияи ҳуҷҷатҳо машғул будааст. Ҳоло Зокиров ба он айбдор мешавад, ки гӯиё ба ҳангоми гирифтани қарз аз “Тоҷиксодиротбонк” дар ҳаҷми 913 ҳазор доллар ба тақаллуби ҳуҷҷатҳо аз роҳи компютерӣ роҳ додааст.

Дар курсии айбдоршаванда ҳамроҳ бо ӯ, инчунин, Абдулфайз Иброҳимов - мудири ширкати "Ёвон-Коттон" нишастааст. Ҳеч нафар аз чаҳор вакили дифои айбдоршавандаҳо нахост ба саволи журналистон посух диҳад. Дар гузашта гуфта мешуд, боздошти Зокиров марбут ба қазияи Зайд Саидов аст.

XS
SM
MD
LG