Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия мегӯяд, ки ба суқути Кубонӣ роҳ намедиҳад


Манзарае аз шаҳраки Кубонӣ

Манзарае аз шаҳраки Кубонӣ

Аҳмет Довутуғлу-нахуствазири Туркия гуфт, кишвараш ҳар кореро анҷом медиҳад, то аз тасарруфи шаҳраки Кубонӣ тавассути тундравҳои Давлати Исломӣ пешгирӣ кунад. Кубонӣ маркази муқовимати курдҳо ба тундравҳо дар Сурия ба шумор меравад.

Довутуғлу шоми 2 октябр ба рӯзноманигорон гуфт, “мо намехоҳем Кубонӣ суқут кунад”. Ин суханони Довутуғлу баъд аз чанд соати тасвиби қарори порламони Туркия садо дод. Тибқи ин тасмим ҳукумати Туркия ҳақ дорад нируҳои низомии худро дар амалиёт дар хоки ҳамсоягони худ Сурия ва Ироқ истифода кунад.

Намояндагони порламон ҳамчунин иҷоза доданд, ки нируҳои хориҷии узви эътилоф аз қаламрави Туркия барои анҷоми амалиёт истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG