Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Австралия ба маъракаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳамроҳ шуд


Австралия таъйид кард, ки ба маъракаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳои Давлати Исломии номниҳод дар шимоли Ироқ ҳамроҳ мешавад. Ин маърака ба раҳбарии Амрико идома дорад. Кумитаи амнияти миллии Австралия баъд аз гирифтани дархост аз мақоми расмии Ироқ ин тасмимро ба тасвиб расонд.

3 октябр Тонӣ Абботт-ба хабарнигорон гуфт, ки ҳузузри нируҳои Австралия дар Ироқ муддати тӯлониро дар бар мегирад ва он на ҳафтаҳо, балки моҳҳо давом хоҳад кард.

Сарлашкар Марк Бинкин-фармондеҳи нируҳои дифои ҳавоии Австралия гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ “баъд аз чанд рӯзи оянда” оғоз хоҳанд шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин эълонро ҳамаҷониба интизор буданд, зеро Австралия шаш ҳавопаймои ҷангиро дар Имороти Муттаҳидаи Араб ду ҳафта пеш ҷойгир карда буд. Ду ҳафта пеш Амрико дархост карда буд, ки дар маъракаи эътилофи байналмиллалии ҳамлаҳои ҳавоӣ ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG