Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шашӯмин рӯзи эътирозҳо дар Ҳонг Конг идома дорад


Шашумин рӯзи тазоҳуроти ҷонибдорони демократия дар Ҳонг Конг идома дорад. Леунг Чун Йинг-раҳбари иҷроии Ҳонг Конг шоми 2 октябр дар нишасти хабарие гуфт, ки вайро намояндаи расмӣ таин кардаанд, то аз номи ҳукумат бо донишҷӯёни эътирозгар музокира анҷом диҳад.

Бино ба гузоришҳо, гузаштҳои Леунг муносиботи шадиди ду ҷонибро нарм кардааст ва шаб оромтар паси сар шудааст. Суханони вай чанд лаҳза пеш аз хатми зарбулаҷали эътирозгарон нимашаб садо дод. Онҳо вақт дода буданд, ки то он замон ҳукумат ба дархостҳои онҳо ҷавоб диҳад.

Эътирозгарон аз Пекин тақозо доранд, ки дар интихоботи соли 2017- и Ҳонг Конг номзадҳои худро ба таври озод пешниҳод кунанд. То ҳол номзадҳоро Пекин пешниҳод мекард.

XS
SM
MD
LG