Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як корманди Салиби Сурх дар шарқи Украина кушта шуд


Дар шарқи Украина як корманди Салиби Сурх кушта шуд. Вай замоне кушта шуд, ки дар назди дафтари намояндагии ин созмон дар Донетск як хумпора афтод. Ин шаҳр дар контроли ҷудоихоҳон қарор дорад.

Салиби Сурх, ки марказаш дар Женева аст, аз ин корманди худ Лорент Ду Пасквери 38 сола шаҳрванди Шветсария ном бурдааст. Дар изҳороте Доминик Стиллҳарт-мудири бахши амалиёти Салиби Сурх дар Женева ин кушторро маҳкум кард ва гуфт: “тирандозиҳои бесарусомон дар маҳаллоти иқоматӣ ғайриқобили қабул аст ва қонунҳои байналмиллалии ҳуқуқи башарро нақз мекунад”.

Нируҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳон якдигарро барои чунин тирандозӣ гунаҳгор медонанд. 1 октябр, вақте ки тирандозӣ дар майдончаи бозии яке аз мактабҳо дар шаҳри Донетск ва ба сӯи минибуси мусофирбар дар хиёбони назди он сурат гирифт, дастикам 10 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG